ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ “ҶАВКАНДАК” ВА “ҚАЛЪАИ БАЛАНД”

Тибқи нақшаи тасдиқшуда нимаи аввали рӯзи 30 январи соли ҷорӣ баъди шиносоӣ бо соҳаҳои хоҷагии халқ дар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти “Ҷавкандак” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан арзу муроҷиати сокинони деҳаҳои ҷамоати мазкурро қабул кард. Дар ҷараёни қабул маҷмуан 23 нафар муроҷиат карданд, ки масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин, таъминот бо оби нушокӣ ва полезӣ, таъмири роҳҳо ва дигар мавзуъҳоро фарогир буд.
Нимаи дуюми рӯз бошад дар идораи ҷамоати деҳоти “Қалъаи баланд” низ қабули шаҳрвандон ташкил гардида, 17 нафар бо арзу муроҷиати гуногун ба қайд гирифта шуданд. Масъалаи пешниҳодшуда аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ва масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳалли саривақтӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Дар анҷоми боздиди корӣ аз деҳоти болозикр бо фаъолон суҳбат доир гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрам андешаҳо баён карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*