ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ПОШКЕНТ”

16 феврали соли равон тибқи нақшаи пешбинигардида дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти “Пошкент” Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳр ва дастгоҳи раиси шаҳр дар бинои маъмурии ҷамоат арзу муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд.

Зимни қабули шаҳрвандон сокинони деҳаҳои ҷамоат доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмири роҳ, гирифтани замини наздиҳавлигӣ, сохтмони муассисаи таълимӣ ва гирифтани кӯмакҳои молиявӣ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар ҷараёни қабули муроҷиатҳо ва гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон муовинони соҳавӣ, дастгоҳи раиси шаҳр, раиси ҷамоати деҳот ва масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро вобаста ба ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон дар муҳлатҳои муайянгардида вазифагузорӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида қабули сайёри арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ минбаъд идома дода мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан        

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*