ҲУШЁР БОШЕМУ ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ (Мавқеи ҷавонону варзишгарони Истаравшан)

Ҳодисаҳои охири Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар собит намуд, ки то ҳануз гуруҳ ва неруҳои мавҷуданд, ки оромиву тинҷӣ ва пешрафту муваффақиятҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар кишварҳои ин минтаќа намехоҳанд ва нақша доранд то дар ҳудуди давлатҳои алоҳида бо истифода аз қувваҳои дохилӣ ва бетарафии бархе аз сокинон нооромиҳоро ба вуҷуд оранд.

Ҳодисаи гуё “ногаҳоние”, ки дар арафаи соли нав дар Қазоқистон ба вуқуъ пайваст, аслан қаблан аз ҷониби қувваҳои беруна тарҳрезӣ шуда, аз руи нақшаи махсус ташкил карда шудааст. Зеро шаклу усул ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ҳодисаҳои ҳаммонанди дигар давлатҳо, ки аз руи чунин сенария амалӣ шудаанд, монанд буда, ҳатто воситаҳои ахбори оммаи манфиатдор ва шабакаҳои иҷтимоию саҳифаҳои махсуси неруҳои саҳмгузор ҳодисаҳоро низ якранг инъикос карданд.

Таҷрибаи мавҷуда ва муттаҳидии кишварҳои дуст, хосатан мавқеи роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки Созмони амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ қарори саривақтӣ қабул намояд ва неруҳои ин созмонро вориди ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон созад. Бо ин иқдом ва мавқеъ кишварҳои минтақа собит сохтанд, ки дорои қувва баҳри таъмини амният ва оромӣ дар минтақа мебошанд.

Падидаи мазкур ба мо низ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд як сабақи таърихӣ бошад. Зеро ҳар лаҳзаву дақиқа душманону хоинони миллат метавонанд мақсадҳои ғаразноки хешро амалӣ карда, осмони софу беғубори моро ба оташ кашанд.

Аз ин лиҳоз, дар доираи таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамеша ҳушёр бошему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар оғози истиқлолият талхии ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашида, бо роҳнамоиву роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат ин вазнинию бадбахтиро паси сар кардаанд ва дигар ҳаргиз фирефтаи андешаҳои ғаразноки хоинон нахоҳанд шуд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло МО – ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ САРБАЛАНДИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҳодисаҳои зикршударо дар кишвари ҳамсоя қотеона маҳкум карда, аз тамоми сокинони кишвар, хосатан ҷавонон, ки дар аксар маврид ҳамчун неру аз ҷониби гуруҳҳои манфиатҷу метавонанд истифода шаванд, даъват ба амал меорем, ки ҲАМЕША ҲУШЁР БОШЕМУ ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*