ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

17 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки Асозода Маҳмадраҷаб – муовини Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият ва масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи молия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нигоҳдории роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ ва канализатсия ширкат вазиданд.
Нахуст аз ҷониби намояндаи Агентӣ натиҷаи санҷиши дар соли 2020 анҷомдодаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар муассисаҳои давлатие, ки аз буҷет маблағгузорӣ мегарданд, манзур карда шуд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки санҷиш 5,9 млн сомонӣ маблағҳои ғайримақсаднок истифодашударо ошкор ва барқарор намуд.
Зимнан, ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба камбудиву норасогиҳои ошкоршуда, андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои коррупсионӣ, мақсаднок истифода кардани маблағҳо ва дигар масъалаҳои марбута аз ҷониби Асозода Маҳмадраҷаб тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.
Ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ҷамъбаст карда, пешниҳод кард, ки нисбати нафароне, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои интизомӣ андешида шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*