ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ШАҲРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи 11 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба омода кардани иншооти ҷашнӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан аз масъулин тибқи ҷадвали вобастанамоӣ оид ба корҳои иҷрошуда ҳисобот талаб карда, барои вусъати корҳо, аз ҷумла бо мақсади дар муҳлати муқарраргардида омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ ҷиҳати иҷрои ҳар як самт муҳлат муқаррар намуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба анҷоми корҳои васлу насби таҷҳизот дар корхонаҳои нави саноатӣ, рангубори иншооти ҳамшафати роҳҳо, оро додани намуди берунаи биноҳо, тоза кардани кучаву хиёбонҳо ва нав кардани шиору овезаҳо нигаронида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*