Ҷаласа оиди пешгирии Коронавирус

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ҷаласаи якҷояи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибони масчидҳо дар мавзӯи чораҳои беҳтар намудани вазъи санитарӣ-гигиении масчидҳо ва тадбирҳо оид ба пешгирии паҳншавии бемории Коронавирус ва инчунин дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ доир шуд.
Ҷаласаро муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ифтитоҳ намуд.
Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Қодиров А., Муовини сардори шӯъбаи КДАМ дар шаҳр Қаюмзода М., Сардори шӯъбаи мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ дар шаҳр Назаралиев С., Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Ҳакимов Х., корманди СЭС Мансуров А. ва муовини сартабиби беморхонаи марказӣ Ғ. Маъруфӣ ба сухан баромада оиди роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, тозагии муҳити зист ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*