ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НИҶОНИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР РУЗИ АВВАЛ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО НАМУД

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НИҶОНИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР РУЗИ АВВАЛ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО НАМУД

Субҳи 2 октябри соли равон дар майдони “Нишони давлатӣ” – и шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода, муовинони раиси шаҳр, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, намояндагони сохторҳои қудратӣ, 130 нафар наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба сокинони ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд, миннатдории самимӣ баён намуд. Дар суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан изҳор дошт, ки ин лаҳза, барои мо дар ҳақиқат фараҳбахш ва фаромўшнопазир аст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имруз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои кишварамон 130 нафар ҷавонон бо пайрави ба падарону бобоёни шўҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандўстона ихтиёран барои ба сафҳои Артиши Миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд, ки барои ин иқдом ба ҳар яки Шумо родмардони Ватан аҳсан мехонам.
Илова бар ин имрўз дар ин ҷо барои гусел падарону модарони даъватшудагон низ ҳузур доранд, ки ба онҳо барои тарбияи чунин фарзандони нексиришт изҳори миннатдорӣ баён менамоям. Ба наваскароне, ки имруз бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватани азиз барору комёбиҳо орзумандам. Бори дигар ба ҳар яки Шумо роҳи сафед ва номи неку сари баландро таманно дорам, ҷавонони азизу гиромӣ! – афзуд раиси шаҳри Истаравшан
Дар идома судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрузҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ руз то руз хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷавонони шуҷои шаҳри Истаравшан даъват ба амал оварда шуд, ки ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукуматро нисбат ба сарбозон ба назар гирифта, барои ҳифзи марзу буми ватани соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз сарбаландона камари ҳиммат банданд.
Ҳамзамон даъватшаванда Ҷалолов Улуғбек ҳамсафони хешро барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, қайд намуд, ки имруз ман низ бо хоҳиши худ барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гардида истодаам. Ба давлати худ содиқона хизмат намудан ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон вазифаи ҷонии ҳар яки мо ҷавонон мебошад. Ман ҳамчун ҷавони ватандӯст ваъда медиҳам, ки ҳар як порчаи Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, мардонавор лоиқи номи сарбоз мегардам. Аз тамоми ҳамсафони хеш ҷавонони ба нангу номуси диёр ва сарбаланди шаҳри Истаравшани бостонӣ даъват ба амал меоварам, ки бетараф набошанд ва бо амри дилу виҷдон ихтиёран ба хизмати Ватан – модар раҳсипор гардида, содиқонаву софдилона хизмат намоянд. Хизмат ба Ватан – модар шараф ва ифтихори бузург аст!
Сипас, модари яке аз наваскарон Ҷалолова Нуриниссо ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаюмов Абдуваҳҳоб суханронӣ намуда, ҷавонони шуҷои ватанро барои сафарбар гардидан ба Артиши миллӣ муборакбод гуфтанд ва наваскарони ихтиёриро баҳри сарбаландона адо намудани хизмати ҳарбӣ ва сиҳату саломат баргаштани онҳо ба назди падару модар ва наздикони худ дуои нек намуданд.
Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазонии модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидаистода баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*