Ҷашни Наврӯз дар Истаравшан

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои олам буда ҳазорсолаҳо пеш ҷашн гирифта мешуд.
Таҷлили Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ва пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ҳафт ҳазор сол пеш ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан, бахшида ба ҷашни Наврӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, собиқадорон ва шахсони имконияташон маҳдуд аёдат карда шуданд.
Дар толори МИҲД-и шаҳр аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Исоматдинзода Саидамин ба 12 нафар собиқадорони меҳнат тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

Дар деҳаи “Балғарӣ” бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Исоматдинзода Саидамин толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Амирхон Қурбонзода бо варзишгарони ҷавон сӯҳбат ороста таъкид намуд, ки варзиш дар Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ошёнаи якуми маркази саломатии “Ар-розӣ” ошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд.
..
Сипас ба сокини деҳаи Яккабоғ, маъюби гурӯҳи якум Юсупова Субҳинисо, ки муҳтоҷи аробачаи маъюбӣ мебошад бахшида ба Наврӯз воситаи ҳаракат барои маъюбон тақдим карда шуд.
Баъдан дар варзишгоҳи марказии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи варзишгоҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода бо меҳмонон аз дастовардҳои ҳунармандони шаҳру деҳот ва литсею коллеҷҳо, аз маҳсули дасти пазандаҳои моҳир ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр боздид ба амал оварданд.
….
Сипас дар варзишгоҳ аз ҷониби Амирхон Қурбонзода ба футболбозони беҳтарини шаҳр сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Пеш аз оғози барномаи консертӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода ба сухан баромада сокинони шаҳру деҳотро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфта саломативу хушбахтӣ таманно намуд.
Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода низ аҳли ҷамъомадагонро табрик гуфта қайд намуд, ки соли ҷадид 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеъи ҳукмрон мешавад. Аз ин рӯз мавсими кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.
Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Исоматдинзода Саидамин табрикоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда тансиҳативу осмони софи беғуборро ба мардуми сарбаланди Истаравшан таманно намуд.
Барномаи театрикунонидашудаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ҷашни Наврӯзро боз ҳам рангинтару хотирмон намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*