Ҷоми Вазири маориф ва илм насиби омузгорони шаҳри Истаравшан гардид

Ҷоми Вазири маориф ва илм насиби омузгорони шаҳри Истаравшан гардид
Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 4 январи соли 2021 “Дар бораи гузаронидани мусобиқаи футболи хурд барои дарëфти Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади оммавигардонии варзиш, беҳдошти саломатӣ ва тарғиби пешбурди тарзи ҳаëти солим дастаи омузгорони шаҳри Истаравшан пас аз ғолибият дар мусобиқаи вилоятии футболи хурди аз 35 сола боло дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо дастаҳои омузгорони шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 6:4, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 6:3 ва дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов бо ҳисоби 12:3 ғолиб гардида, сазовори ҷои аввал ва Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Ҳадафи асосии ташкили мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни кормандон ва ҳамзамон баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии кормандон ба ҳисоб меравад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*