ҶУМЪАЗОДА Ҳабибҷон Дӯстмаҳмат – мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират

ҶУМЪАЗОДА Ҳабибҷон Дӯстмаҳмат

аз 09 феврали соли 2017 дар мансаби мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан кор мекунад.
*Соли таваллуд 17 августи соли 1981

*Ҷои таваллуд шаҳри Истаравшан
*Миллат тоҷик

*Таҳсилот олӣ
*Соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро (рӯзона) хатм кардааст
*Ихтисос иқтисодчӣ
*Унвони илмӣ надорад
*Якчанд забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, узбекӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не
*Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2003-2006- Иқтисодчӣ – дар ҶСК “Ориёнбонк” дар шаҳри Истаравшан
Солҳои 2006-2008 — Иқтисодчӣ- дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
Солҳои 2008-2010- Иқтисодчӣ- дар ТАҚХ “Финка”
Солҳои 2010-2012- Иқтисодчӣ- муҳосиб дар ТАҚХ “Ҳумо ва партнёрҳо”
Солҳои 2012-2014- Сардори Кооперативи тиҷоратии “Баракаи замин” дар ноҳияи Зафаробод
Солҳои 2014-2017- мутахассиси пешбар дар Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан
Аз феврали 2017 то ҳол — мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан

Курсҳои такмили ихтисосро дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

 

 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан (минбаъд –Бахш) фаъолияташро мутобиқи Низомнома, ки бо фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.08.2014, №119  тасдиқ шудааст ба роҳ мондааст.

Бахши Хадамоти муҳоҷират мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрӣ буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муҳоҷират, танзим, назорат, санҷиш ва хизматрасониҳои давлатиро дар соҳаи мазкур амалӣ менамояд.

Бахш дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

  1. Иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
  2. Таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
  3. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмиллалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
  4. Ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби донорҳо ҷиҳати ташаккули низоми таҳлили бозори муҳоҷирати меҳнатӣ ва муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа;
  5. Ташкил ва амалӣ намудани фаъолият дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар;
  6. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар ва танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар шаҳр;
  7. Дар доираи салоҳияти худ пешбурди фаъолият оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷие, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави шаҳр машғуланд;
  8. Бо тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ҷалб ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар ҳудуди шаҳр ва татбиқи фаъолияте, ки бо бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа алоқаманд мебошад.
  9. Тибқи тартиби муқарраргардида пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан, ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. Баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд ва бармегарданд;
  11. Ҳамкорӣ бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
  12. Мусоидат ба рушд ва такмили низоми шаҳрӣ ва ташкилотҳои хусусии шуғл, ки дар хориҷа барои шуғл кӯмак мерасонанд.
  13. Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби соҳибкорон, корфармоён, ташкилотҳои байналмиллалӣ, ғайридавлатӣ ва дигар ташкилотҳо барои ташкил кардани марказҳои таълимӣ ва такмили тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ;
  14. Дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ бо мақсади ба кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар;
  15. Дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ташкили корҳо оид ба ҳамгироии такрорӣ ва тавонбахшии муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ватан баргаштаанд.
  16. Ба роҳ мондани робита ва ҳамкориҳо бо диаспораҳои тоҷик, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ;
  17. Расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
  18. Мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолияти меҳнатӣ мебаранд;
  19. Гирдоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мутобиқ ба методологияи расмии оморӣ;
  20. Дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор муайян намудани талабот ба тайёр намудани барномаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва аз нав тайёркунии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ташкили курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат дар шаҳр, пешниҳоди хизматрасониҳо барои ташкили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ;
  21. Ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир ва омоданамоии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷа;
  22. Иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*