МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАХОНАИ БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАХОНАИ БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ

Дар асоси нақшаи корие, ки зимни баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр қабул гардид, шоми 22 сентябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо сокинони маҳаллаи ба номи Имоми Аъзам мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот сокинони синну соли гуногун, аз ҷумла фаъолони маҳаллахона, собиқадорон ва занону ҷавонон ширкат варзиданд. Кумитаи маҳаллахонаи ба номи Имоми Аъзам, ки аз 12 гузар, аз ҷумла гузари таърихии Тал дар ҳудуди он мебошад, аз маҳаллаҳои таърихии шаҳр маҳсуб меёбад.
Зимни мулоқот раиси шаҳр нахуст дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, махсусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, корҳои иҷрошуда дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша кард.
Дар баромад таваҷҷуҳи асосӣ ба заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва минтақа нигаронида шуда, аз натиҷаҳои бадастомадаи ҷаласаи Сарони давлатҳои узви СҲШ ва СААД, ки ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе доир шуд, ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, бо назардошти вазъи кунунии Афғонистон сокинони маҳалларо ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват карда, барои эмин нигоҳ доштани насли наврас ва ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро аз ҳозирини масъулияти ҷиддӣ тақозо карда шуд.
Таъкид гардид, ки майл намудани ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб ва кирдорҳои ношоиста аз надоштани саводи қазоии диниву дунявии эшон мебошад. Зеро ҷавони соҳибилм, тарбиятдида, бомаърифат ва қавиирода ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ноҷо даст намезанад. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҷавононро барои илмомӯзиву рӯ ба китоб овардан талкин намоем. Чуноне, ки дар яке аз баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Афрӯхтани шӯълаи ифтихори миллӣ парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ инчунин дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад”. Аз ин рӯ волидайнро зарур аст, то ки имрӯз масъулиятро ба дӯш бигиранд, робитаро бо омӯзгорон қавӣ намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба халку ватани хеш тарбия намоянд, зеро ояндаи Давлату миллат дар дасти чавонон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш созанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Дар ҷамъбасти мулоқот фаъолони маҳаллахонаи ба номи Имоми Аъзам баромад карда, бо шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ ва беҳтар гардидани шароити зист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*