ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ҚАЛЪАИ БАЛАНД”

МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар арафаи соли нави мелодӣ бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминова ва соҳибкорону сокинони сарбаланди Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Баланд” дар деҳоти “Қалъаи Баланд” Маркази хизматрасонӣ ва савдои “Кенҷа паҳлавон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ Ҳамдамов Б ва бародарон Акрамовҳо бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ба таври зебою муосир бунёд гардидааст. Дар иншооти мазкур тарабхона, мағозаи хӯрокворӣ ва сартарошхона ҷой дода шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он 8 нафар ашхоси бешуғл бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли бузургдошти ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан зиёда аз 500 иншооти сатҳи мухталиф бунёду навсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд ва бо ин васила ҳазорҳо нафар қувваи қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*