5-солагии “Авангард”

Бахшида ба 5-солагии гурӯҳи ҷавонони Авангард дар толори “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Истаравшан барномаи фарҳангӣ, бо иштироки муовини Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, полковники милитсия Саидзода Б.Р. ва аъзоёни гурӯҳи ҷавонони Авангарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан полковники милитсия Саидзода Б.Р ҳусни оғоз бахшида, паёми табрикотии Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан полковники милитсия Одиназода Фирӯзро ба гурӯҳи ҷавонони Авангард расонид.
Сипас барномаи фарҳангии гурӯҳи ҷавонони Авангард таҳти роҳбарии Сардори гурӯҳи ҷавонони Авангарди шаҳри Истаравшан Махкамов Ҷаҳонгир бо иштироки хонандагони МТМУ #40 ба номи Аминов Неъмат пешкаши ҳозирин гашт. Хонандагони муассисаи мазкур бо шеъру суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ ҳунари волои худро нишон доданд.
Барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, амнияти бехатарии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ҷалби ҷавонон ба илму фарҳанг бахшида ба 5-солагии гурӯҳи ҷавонони Авангард таҳти унвони “Ҷавонони Авангард пайрави Пешвои миллат” Саидзода Баҳром ба 20 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*