Пешгирии Covid-19 (Хадамоти муҳоҷират)

  ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

БАХШИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

735610, шаҳри Истаравшан, хиёбони Исмоили Сомонӣ – 138, тел/факс. (83454) 2-12-88, migration_istaravshan@mail.ru

 

№ _____ аз «_____» _________ соли 2020

Ба муовини Раиси шаҳри
Истаравшан
муҳтарама Н.Наимҷонзода

 

Маълумотнома

оид ба роҳандозии корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятии коронавируси КОВИД-19, дар ҳашт моҳи соли 2020

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус дар ин давра як қатор тадбирҳоро ба иҷро расонид.

Бар асари пайдоиши бемории сироятии коронавирус ва зуд паҳншавии он шурӯъ аз 20 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россияву Қазоқистон маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба ин мамлакатҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуди беморӣ ҷорӣ гашта, сарҳадҳо байни давлатҳо баста шуд ва рафту омади шаҳрвандон муваққатан манъ гардид.

То баста шудани сарҳадҳо (ба ҳолати то 20.03.2020) мувофиқи таҳлили маълумотҳои аз ҷониби Бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан пешниҳодгардида, аз ҳисоби сокинони шаҳр 2430 нафар ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки аз онҳо 1993 нафар мардҳо ва 437 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса ба ҳолати 01.09.2019 соли сипаригашта  -4669 нафар кам мебошад.

 

Рафти муҳоҷирон

Шаҳр (ноҳия) Аз Аз Фарқият
01.01.2020 01.01.2019
то 01.04.2020 то 01.09.2019
(рафт) (рафт)
Ҳамагӣ Мард Зан Ҳамагӣ Мард Зан Ҳамагӣ Мард Зан
1. Истаравшан 2430 1993 437 7099 6105 994 -4669 -4112 -557

Инчунин то ин давра 2451 нафар аз хориҷи мамлакат баргаштанд, ки аз ин 1747 нафарро мардҳо, 704 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд зирк намуд, ки ташкили корҳои иттиллотию фаҳмондадиҳӣ низ яке аз самтҳои фаъолияти бахш мебошад. Дар ин самт ҳамкорӣ бо сохторҳои Маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” маыомоти ҳифзи ҳуыуыу тартибот, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, литсейҳои касбӣ – техникӣ ва фаъолони ҷомеа ба роҳ шудаанд.

Бахш дар ощози соли 2020 вобаста ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо се наышаи чорабиниҳои муштаракро дар самти муыовимат бо падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар,  пешгирӣ ва мубориза ба муыобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД – 19 ва БПНМ (СПИД),  ташвиыи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳли ҷомеа, тарщиби ҳунарҳои миллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии хушунати оилавӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунаром=зӣ ҷалб намудани занону духтарон ва ҳалли мушкилоту муаммоҳои р=згори бонувон ба имзо расонида, силсилаи мулоыотҳоро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо ба роҳ монд.

Дар умум дар ин давра, дар ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди  маҳаллаҳои шаҳр 14 адад чорабинињои иттилоотӣ-маърифатӣ бо фарогирии 560 нафар шањрвандон, аз љумла муњољирони мењнатӣ ва аъзои оилањои онњо гузаронида шуданд. Аз љумла, 8 чорабинӣ бо фарогирии 320 нафар ба ташвиыу тарщиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, 6 чорабинӣ бо фарогирии 240 нафар ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар бахшида шуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд оид ба роҳандозии корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятии коронавирус ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Амирхон Қурбонзода дар самти пешгирии пандемияи коронавирус ҳам корҳои ташвиыотию тарщиботӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Аз ҷумла, бахш дар якҷоягӣ бо шӯъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр ва МНДСЭ  8 адад чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронид. Чорабиниҳои мазкур дар намуди аксия бо тақсим намудани буклетҳо оид ба КОВИД-19 гузаронида шуданд. Дар рафти аксияҳои муштарак масъулин аз мардум даъват ба амал оварданд, ки аз ниқоби тиббӣ ба таври ҷиддӣ истифода намуда, нисбати саломатӣ ва гигиенаи шахсӣ бетарафӣ зоҳир накунанд. Гузоришҳо оид ба рафти чорабиниҳои иттиллоотӣ бо аксҳо ба сомонаи Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ирсол гардиданд.

 

Ҳамзамон дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бахш 600 нусха маводҳои ташвиыотию тарщиботӣ дастрас намуд ва барои паҳн кардан дар байни аҳолӣ онҳоро таысим кард.

Дар назди ҳуҷраи маълумотдиҳию машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатии бахш, ки ҳамарӯза шаҳрвандон оид ба вазъи ҳуқуқиашон муроҷиат менамояд, гӯшаҳои иттилоотӣ, маълумотҳо оид ба пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ насб карда шудаанд. Дар рафти баррасии муроҷиатҳо барои ҳар як муроҷиаткунанда мувофиқи имкониятҳо маълумот оид ба бемории коронавирус дар шакли буклету китобчаҳо дастрас шуда истодаанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан минбаъд низ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуди беморӣ тадбирҳоро пурзӯр намуда, аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират                              Ф.Ҳакимов

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*