Aёдати Иди Қурбон

Дар арафа ва рӯзҳои иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва аёдати беморон, пирону маъюбон ва ятимону бепарасторон  ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад.

Дар рӯзи Иди Қурбон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон қайд мегардад  баъд аз адо намудани намози ид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, муҳтарам Амирхон Қурбонзода  ва дигар намояндагони МИҲД-и шаҳр ва вилотяи Суғд ба хонаи кӯдакон ва бепарасторони шаҳр ташриф оварда аз рафта корҳои сохтмонии бинои нави хонаи кӯдакон  дидан намуданд.

Баъдан тарбиятгарандагони хонаи кӯдакон бо дастагули шеъру суруд, рақсҳои ҷолиб  ва саҳначаҳо меҳмононро пешвоз гирифтанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода  тӯҳфаҳои идонаро ба кӯдакон тақдим намуд. Баъдан аз ҷониби раиси шаҳр 2 оилаи камбизоат, сокинони кумитаи маҳаллаи «Зафар» аёдат карда шуда, ба онҳо маводи ғизоӣ аз қабили равғану орд дастрас карда шуд.

Раиси шаҳр бо фарорасии «Иди Қурбон» сокинони кумитаи маҳаллаи «Зафар»-ро табрик гуфта, бурдоборӣ ва баракоти хонадонро таманно намуд.

Сипас аз ҷониби муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд – 2 оила аз кумитаи маҳаллаи «Навобод» ва инчунин 2 оилаи камбизоат аз кумитаи маҳаллаи  «Суғдиён» аёдат шуда ба онҳо низ кӯмаки ғизоӣ расонида шуд.

Аёдатшудагон низ дар навбати худ  аз ин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба ҳукумати Ҷумҳурӣ, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд. Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофи роҳбари давлат сарҷамъ бошем ва барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандае гузорем.

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*