Маъмурзода Адҳам Маъмур
Маъмурзода Адҳам Маъмур 18 марти соли 1983 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст.
Маълумоташ олӣ, аз соли 2005 аъзои ҲХДТ.
Соли 2000 баъди хатми муассисаи давлатии таълимии Литсейи №1-и шаҳри Истаравшан ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил мегардад.
Соли 2005 Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси сиёсатшинос-маъмур бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро соли 2005 дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ташкилӣ оғоз кардааст.
Солҳои 2000-2005 Донишҷўи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2005-2006 Мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Соли 2006 Мудири шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2006-2007 Роҳбари Дастгоҳ-мудири шўъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2007-2008 Мудири шўъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2008-2010 Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2007-2010 Ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ҳамзамон)
Соли 2010 Мутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2010-2011 Мудири бахши омор ва баҳисобгирии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, шаҳри Душанбе
Соли 2011 Мудири шўъбаи умумии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2012 Мудири шўъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012-2014 Роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2014 Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши фалсафаи иҷтимої
Солҳои 2011-2015 Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ (ҷамъиятӣ)
Солҳои 2014-2020 Муовини сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 июн то 18 ноябри соли 2020 Муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 18 ноябри соли 2020 Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан
Аз 3 марти соли 2021 раиси шаҳри Истаравшан
Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд мебошад.