ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ИҶТИМОИИ ШАҲР ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Рамазон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳамроҳ бо роҳбари гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз дар толори тарабхонаи “Парчам”-и маркази шаҳр ба 99 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати шаҳрӣ, 22 нафар кӯдакони ятиму бепарастор аз муассисаҳои таълимии шаҳр ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии маркази дастгирии оила ва кудак “Фарзанди ватан” дастурхони идона ороста, ба онҳо сару либоси варзишии тобистона ва дигар тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Истаравшан як адад мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 99 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Мактаб-интернат пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, дар он тамоми шароитҳои зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин дар назар аст, ки соли ҷорӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сохтмони иловагии мактаб-интернат барои 120 ҷой оғоз гардад.
Зимни сӯҳбати самимӣ бо кӯдакон, раиси шаҳри Истаравшан ва роҳбари гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, давлат барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ як ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад. Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятҳоро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд.
Вобаста ба ин, аз кӯдакону наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода намуда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.
Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки чун пайравони асили Пешвои миллат дар ободониву созандагии Ватани хеш саҳми арзишманди худро гузошта, барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан          

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*