ТОҶИКИСТОН – Ватани азизи ман

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» эълон шудааст.
Имрӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан даври аввали озмун бо иштироки ҷавонони ҳунарманд доир шуд.
Ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо шуда, дар он оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён иштирок менамоянд. Ғолибони озмун аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*