АЁДАТИ КӮДАКОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАКИ “ФАРЗАНДИ ВАТАН”

Дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми 29 декабри соли 2021 раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади аёдати кӯдакон дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳр ташриф овард.

Зимни аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳри зиндагии шоиста ва ба таври зарурӣ гирифтани таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” – и шаҳри Истаравшан кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 52 кӯдак хизмат расонида мешавад, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва беҳтар намудани кори таълиму тарбия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Аснои аёдат кӯдакон бо самимияти хоса ва хушнудӣ дар васфи Тоҷикистони азиз, Пешвои миллат, Ватан ва модар шеъру таронаҳо қироат намуда, барномаи рангини идона пешниҳод намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд ва баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

                  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*