Баррасии масъалаҳои корӣ дар шаҳри Истаравшан

Баррасии масъалаҳои корӣ дар шаҳри Истаравшан
Имрӯз дар шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи корӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ва тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, омода намудани касбҳои коргарӣ, мутобиқнамоии стандартҳои барномаҳои таълимӣ мувофиқи бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои муҳими ҳалталаб пешниҳод гардид.
Дар ҷаласаи корӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ҳайати омӯзгорону устоҳои таълимии Муассисаи давлатии литсейи касбии техникии шаҳр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*