БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ МАВЗЕИ “ЗАРНИСОР”

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ МАВЗЕИ “ЗАРНИСОР”

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар доираи нақшаи корӣ аз мавзеи “Зарнисор” вобаста ба обёрии заминҳои мавҷуда аз вазъи иншооти обрасони КНС – 3, КНС – 4, ва каналҳои обрасонии 3МКА – 1 оби полезӣ дидан намуд.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, пас аз корбариҳои саривақтӣ зеристгоҳҳои обӣ аз таъмир бароварда шуда, хоҷагиҳои мавзеи мазкур шурӯъ аз 6 майи соли 2021 бо об таъмин шуданд. Мавзеи Зарнисор дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти “Қалъачаи Калон”, “Зарҳалол”, “Гули Сурх”, “Қалъаи Баланд” ва “Ҷавкандак” ҷойгир буда, тибқи маълумотҳо майдони кишти зироатҳои соли ҷорӣ 2260 га, ғалладонагиҳо 1227 га, полезӣ 15 га, зироатҳои техникӣ 45 га, аз он пахта 12 га, сабзавот 210 га, боғу токзор 62 га, ҷуворимакка барои дон 153 га, бедаи нав 100га, бедаи кӯҳна 195 га – ро ташкил медиҳад.
Ин мавзеъ дорои 5930га замин аз он обӣ 3290 буда, дар он чор адад ассотсиатсияи истифодабарандагони об, 581 хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*