БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

Дар баробари ҳамарӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти сатҳи мухталиф дар шаҳру деҳоти Истаравшан бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, саҳми соҳибкорони баруманд ва фаъолияти ҳамшарикии сокинони эҳсонкор бунёду навсозии куллии иншооти соҳаи саноату сохтмон, маъмурию иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ бомаром идома дорад.
Дар ин раванд раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии ҶТ Ашурзода Абдулҳафиз аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” боздид намуданд.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, бинои муосири маъмурӣ аз таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво, толори маҷлис ва инфрасохторҳои дигари асосию ёридиҳанда иборат буда, бо роҳи ҳамкории шарикона, хайру сахои сокинони 17 деҳаи ҷамоат бо харҷи маблағи наздик як миллион сомонӣ қомат афрохта истодааст.
Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” 26 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон ва устоҳои хушсалиқа бо кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, сохтмончиён саъю кушиш доранд, ки бинои маъмуриро мутобиқи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ дар арафаи таҷлил аз Наврузи байналмилал мавриди истифода қарор диҳанд.
Зимни боздид ба масъулини соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*