ВУСЪАТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ ДЕҲОТИ “ЧОРБОҒ”

12 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо ҳамроҳии масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр аз ҷараёни кишти картошка дар деҳоти “Чорбоғ” боздид намуд.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур 1092 га кишти картошка гузаронида мешавад, ки аз он 912 га дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва 180 га дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ мебошад.
Дар ҷамоати деҳот то ба имруз 123 га картошка кишт гардида, бо истифода аз ҳавои мусоид рузҳои наздик дурнамои кишти картошка иҷро мегардад.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни кишти картошка, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии “Сунатулло”, ки дорои 3.5 га замин, “Ваҳоб-бобо” дорои 1га дар байни қатори боғ, “Элмурод” дар майдони 1.1га, “Ҳоҷи Абдурасул” дар майдони 5 га гузаронида шуда истодааст, дидан намуда, вобаста ба рӯёнидани ҳосили фаровон, гузаронидани буришу нарм намудани зери ниҳолҳо ва самаранок истифода кардани замин ба масъулини соҳа суҳбат доир намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан маҷмӯан дар 3384 га, аз он 2459 га дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва 934 га дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ кишти картошка дар назар дошта шуда, то имруз 812 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки аз он ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 502 га ва ба хоҷагиҳои аҳолӣ 310 га кишт рост меояд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*