Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни шаҳрии “Соҳибкори беҳтарини соли 2019”

 

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 апрели соли 2019, №147 бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли шаҳр, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот, хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, ҳамчунин таъмини иҷрои банди 12 Нақшаи чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, ки дар мулоқот бо соҳибкорон ва саноатчиёни вилоят санаи 1 марти соли 2019 баён доштанд, ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

  1. Дар шаҳр моҳҳои май – декабри соли равон озмуни шаҳрии “Соҳибкори беҳтарини соли 2019” гузаронида шавад.
  2. Ҳайати ҳакамон ва Низомномаи комиссияи озмуни шаҳрии “Соҳибкори беҳтарини соли 2019” тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2)
  3. Шуъбаю бахшҳо ва дигар сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи тарғиб ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни шаҳриро тартиб дода, то санаи 10 декабри соли 2019 рӯйхати соҳибкорони арзандаро аз рӯи номгӯйи алоҳида мувофиқи Низомномаи озмун ба ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод намоянд.
  4. Идораи телевизиони “Афшин”, радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи шаҳрии “Паёми Истаравшан” роҷеъ ба баргузории озмун ва натиҷаҳои он мавод нашр ва барномаҳо пахш намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Мирсаидов С. Т. гузошта шавад.

 

И. в. Раиси шаҳр                                   Қурбонзода Амирхон

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*