ДАР ПАҲЛӮИ МАРДИ ДЕҲҚОНЕМ!

ДАР ПАҲЛӮИ МАРДИ ДЕҲҚОНЕМ!

Таҳти чунин унвон дар заминаи иҷрои супоришҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳр дар ҳайати зиёда аз 320 нафар дар хоҷагии деҳқонии ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт тули 10 руз мешавад, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта дасти кӯмак расонида истодаанд.
Аз санаи 17 сентябри соли ҷорӣ то имруз ҳашарчиён ёрии амалии худро ба пахтакорони ноҳия расонида, беш аз 100 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд ва саҳми хешро ба хирмани тиллои сафеди давлат гузоштанд.
Бегоҳии 27 сентябр баҳри болидахотирии ҳашарчиён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан чорабинии фароғатӣ ташкил карда шуд.
Санаи 28 сентябр 350 нафар чинакчиён аз ҳисобу ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба ноҳияи Ашт сафарбар гардида, гуруҳи аввалро иваз мекунанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*