ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Истаравшан ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт.
Оилаи мазкур ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда, бо амри тақдир Гулбаҳор, Гулноза ва Норбой маъюб мебошанд. Аҳли ин оила аз тарафи давлат нафақа мегиранд ва аз ҷониби саховатмандон низ мунтазам ба онҳо кумак расонида мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба оилаи Юлдошевҳо кумакҳои моддии худро тақдим карда, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки мунтазам аз ҳоли чунин оилаҳои ниёзманд хабар гиранд.
Аз ҷумла, тибқи дастури мазкур худи ҳамин руз ба оилаи Юлдошевҳо як адад мошинаи ҷомашӯӣ ва як адад чойники электрикӣ дастрас карда шуд.

Раиси вилоят ҳамзамон модари танҳо Садорат Раҳмоноваро аёдат кард, ки бо амри тақдир баъди вафоти шавҳар 4 фарзандро тарбия мекунад ва ба оилаи Раҳмоновҳо низ маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*