ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ БОНУВОНИ ХУНАРМАНДИ ИСТАРАВШАНИ БОСТОН ДАР ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ БОНУВОНИ ХУНАРМАНДИ ИСТАРАВШАНИ БОСТОН ДАР ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”
Санаи 22 апрели соли 2021 дар Кохи Сугдиёни шахри Хучанд давраи Фестивал-озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар аз 18 шахру нохияхои вилоят таррохон бо духти либосии миллии чакан аз рӯйи номинатсияҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” намоиш доданд.
Маврид ба зикр аст, Фестивал-озмуни вилоятии «Сад ранги чакан» бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши ҳунари чакандӯзони чирадаст – ҳунармандон пешкаши иштирокдорони ин маросими фарҳангӣ гардонида шуд. Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, ки бо нақшҳои гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Маҳорати дастони чакандӯзҳо таҷассуми зиндагӣ ва ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонпарварона ва миллии тоҷикон буда, аз фарҳанги бои мардумамон шаҳодат медиҳад.
Дар Фестивал-озмуни вилоятии «Сад ранги чакан» муовини Раиси вилоят Зайнура Азими иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Мавриди ба зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври вилоятии Фестивал-озмуни вилоятии «Сад ранги чакан» ҳунари чакандўзӣ низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва таргиби либосхо милли мебошад.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Дар рафти чорабини хайати ҳакамот ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, дар номинатсияии “Намоиши либоси маросимӣ ва идона” таррохи бехтарин шахри Истаравшан Зиёда Мухамадиева сазовор чойи дуюм гардид.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Ахмадзода сарфароз гардонида шуд. Фестивал-озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” бо барномаи фарханги дар сатхи баланд баргузор гардид.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*