Иди муаллимон дар шаҳри Истаравшан

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар рўзи омўзгорон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндагони Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳру вилоят, Шӯрои иттиффоқҳои касабаи шаҳр, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, пешқадамони соҳаи маориф ва устодону омўзгорон чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода   ба ифтихори Рӯзи муаллимон ҳозиринро табрику муборакбод намуда, зикр намуд, ки омӯзгорц касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои соҳибмаърифатии аҳли ҷома, худшиносц ва худогоҳц хизмат мекунад. + бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат харҷ медиҳад то наслро ба камол расонад.

Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд низ ба сухан баромада табрикоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.

Чун ҳарвақта ба омӯзгорони беҳтарин, собиқадорон ва фаъолон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои раиси шаҳр, иттиффоқҳои касабаи маориф ва илм тақдим карда шуданд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертии ҷолиб баҳри ҷамъомадагон пешкаш гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*