“ИСТАРАВШАН” ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА НАМУДИ ФУТБОЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА”

“ИСТАРАВШАН” ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА НАМУДИ ФУТБОЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА”

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш дар байни наврасону ҷавонон, сокинон, ҷалби онҳо ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нави футбол, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ​санаи 24 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бозии ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни “деҳа ва деҳаҳо” – и аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Бозии ниҳоии мусобиқаи мазкур байни дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва дастаи “Турсунзода”-и шаҳри Турсунзода доир гардид, ки дар натиҷа дастаи “Истаравшан” бар дастаи “Турсунзода” пирӯз шуда, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи “деҳа ба деҳа” гардид.​
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибонро бо медал, ҷоизаҳои пулӣ, диплом ва Ҷоми мусобиқа аз тарафи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Урунов Алишер​ тақдим карда шуд.

Қобили қайд аст, ки мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар марҳилаи интихоби якум моҳҳои январ то сентябри соли 2021 дар сатҳи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи интихоби дуюм давоми моҳи октябри соли 2021 дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо байни ғолибони деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва марҳилаи интихобӣ дар пойтахти кишварамон аз санаи 21 то 24-уми декабр баргузор гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*