Истаравшан-ҷойи дуюм ва сеюм дар даври вилоятии фестивал- озмуни заргарӣ ва ҳунарҳои ороишӣ аз санг

Истаравшан-ҷойи дуюм ва сеюм дар даври вилоятии фестивал- озмуни заргарӣ ва ҳунарҳои ороишӣ аз санг
11-уми феврали соли 2021 дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъбасти озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид, ки дар фестивал-озмуни мазкур донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунармандони шаҳри Истаравшан ширкат варзида, донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ сазовори ҷои дуюм ва мукофотпулӣ ба андозаи 2000 сомонӣ дар озмун ва дар фестивал ҷои сеюм ва мукофотпулӣ ба андозаи 1000 сомонӣ сазовори ҳунарманд Турсунов Достонбек гардид.
Бояд тазаккур дод, ки озмун дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва арҷ гузоштан ба санъати мероси халқи тоҷик баргузор гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*