Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ

Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам – омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода аз хонаҳои истиқоматии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” дидан намуда, оиди маданияти заминдорӣ, нигоҳубини дурусти участкаҳои наздиҳавлигӣ ва истифодаи пурсамари он сӯҳбат оростанд. Инчунин дар гурӯҳи корӣ мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо вомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Султонова М. ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ҳотамов А. оиди тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва тозагии муҳити зист бо сокинон сӯҳбат оростанд. Таъкид шуд, ки риояи қоидаҳои санитарӣ дар хонаву коргоҳ, тозагии манзили зист ва муассисаву  ташкилот – омили асосии пешгирии ҳар гуна бемориҳо ба ҳисоб меравад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*