ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАИ ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ ШАҲР БАХШИДА БА ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Субҳи 9 сентябри соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр чорабиниҳои идона доир гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз бо шароити хизмати афсарону сарбозон шинос гардида, кулли ҳомиёни Ватанро бо фарорасии ҷашни бошукӯҳи миллӣ табрику таҳният намуданд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ ва шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар карда шуда, Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардид.

Дар рафти чорабинӣ баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи табрикотии тантанавӣ, аз қабили шеъру сурудҳо дар васфи Ватан – модар, намоишҳои ҳарбӣ ва саҳнаҳои ҳидояткунанда ба хизмати халқу Ватан намоиш дода шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз барои сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*