Кирдорҳои коррупсионӣ хатар доранд

Ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  15 августи соли 2019 дар толори  МИҲД-и шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агении назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назриён  Васлибек Қурбон, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сардорони раёсатҳо, сохторҳо ва фаъолон маҷлис баргузор шуд.  

Ааввал муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода оид ба хатарҳои   кирдорҳои  коррупсионӣ  сухан  кард. Сипас, Назриён Васлибек қурбон ба сухан баромада,  таъкид намуд, ки коррупсия аз ҷамъи ду калимаи лотинӣ – «соrrei»  (якчанд иштирокчӣ аз як гурӯҳ) ва  «rumpere» (шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан) ҳосил шудааст.  Дертар,  коррупсия маънии  бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани ваколатҳои хизматиро пайдо намуд.

Асосҳои ба вуҷуд омадани коррупсия  омилҳои  иқтисодӣ, ҳуқуқи иҷтимоию маънавӣ ва таъсири одатҳо аст.

В. Назриён иброз намуд, ки бояд пеш аз ҳама оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ кор бурда шавад. Маблағи бо роҳи коррупсионӣ ба дастоварда ҳеҷ вақт насиб намекунад. Ҳар як нафар бояд донад, ки бо луқмаи ҳаром фарзандонро дуруст тарбия кардан наме- тавон.  Дар шаш моҳи соли 2019 дар шаҳри Истаравшан 20 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуд, ки ташвишовар мебошад.

Ҳамзамон В.Назриён оид ба муҳтавои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони молия, гумрук ва андоз сухан кард.

Инчунин, дар ҷаласа пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 28 июли соли 2019, №19.3.1-1404 “Оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳои   содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта” мавриди баррасӣ қарор ёфта,  талаботи моддаи 668 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне беамалӣ ҳангоми ошкори ҳуқуқвайронкунӣ  фаҳмонида  шуд. 

Ҷаласаро муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ҷамъбаст намуда, аз фаъолон хоҳиш кард, ки ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дастаҷамъона корбарӣ намоянд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*