“КФ ИСТАРАВШАН”-И ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

 

Дар “КФ Истаравшан” имрӯз 25 нафар футболбозон кор ва фаъолият мебаранд. 2 нафар футболбози “КФ Истаравшан” Тӯлқун Умаров ва Шаҳзод Шамсиддинов аз  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун лигионер иштирок мекунанд. Айни ҳол сармураббии даста Наҷмиддин Толибов таъин карда шуд, мураббии калони даста Шамсиев Шӯҳрат, мураббии даста Холиқов Бахтиёр, директори “КФ Истаравшан” Шораҷабов Асрор, роҳбари даста Азизбоев Баҳодур мебошанд. Имрӯз “КФ Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар зинаи шашуми ҷадвали бозиҳои футболи лигаи олии ФФТ шуда, дар пеш якчанд бозиҳои муҳим дар назар аст. Бояд қайд намуд, ки санаи 28- уми июли соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозии рафиқона бо дастаи “Янгиер”-и шаҳри Янгиери Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Санаи 31- 07-2019 бозиҳои футбол дар доираи кубоки ФФТ ҶТ бо дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дар шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. Бояд зикр  намуд, ки санаи 11-уми августи соли 2019 вохӯрии муҳим дар доираи давраи дуюми лигаи олии ФФТ дар хона бо дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар назар аст. Барои омодагӣ ба ин бозиҳои муҳим дастаи “КФ Истаравшан” дар Осоишгоҳи Бонки Миллии ҶТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ҷамъомади таълимӣ тамрини варзиширо гузошта истодаанд.

Аз ҷиҳати таъмини молиявӣ дастаро Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба ӯҳда гирифта, ҳамарӯза дастгирии раиси Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода назаррас мебошад. Ҳама хароҷотҳои рафтуомади бозингарон ба дигар манотиқ ва  умуман, ҷихати таъмини иштироки муносиби дастаро Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода бо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонид. Аз сабаби пешбинӣ нашудани маблағи алоҳидаи дар саҳифаи махсуси Раёсати молияи шаҳри Истаравшан соли гузашта баъзе мушкилиҳои молиявӣ ба чашм мерасанд. Новобаста аз дастовардҳои ноилгаштаи дастаи “КФ Истаравшан” он боз ба сарпарастии кулли футболдӯстони ватанпарвар ниёз дорад. Шаҳри Истаравшан шаҳри дӯстдорони футбол мебошад. Бояд зикр намуд, ки аз шаҳри Истаравшан дар чор лигаи футболи кишвар дастаҳои мунтахаби шаҳр ширкат варзида истодаанд. Ин низ як намунаи фарҳанги варзишпарваронаи тарбияи мардуми Истаравшан ба шумор меравад. Ба ҳар як вохӯрии хонагии «КФ ИСТАРАВШАН» на кам аз 8-10 ҳазор, дар баъзе вохӯриҳо зиёда аз 15 ҳазор тамошобин  ба тамошои бозии дастаи дӯстдоштаашон меоянд.

Мо умед дорем, ки шаҳрвандони шаҳри Истаравшан  худро ҳамчун  шахсони ватандӯсти варзишпарвар шуморида,  сарпарастии худро барои дастгирии клуби дӯстдоштаашон дареғ намедоранд.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*