Мулоқот бо интихобшавандагон

29 сентябри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр мулоқоти номзадҳо аз панҷ ҳизби сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Истаравшан», №32 баргузор гардид.

Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр баргузор мегардад омодагиҳо муташаккилона идомад дорад, иброз дошт раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии «Истаравшан», №32 Афзуналӣ Абдураҳмонзода зимни ифтитоҳи мулоқоти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон.

Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мероҷ Абдуллоев, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷўразода шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Мирзоанвар Ахмедов шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳадафҳои барномаи пешаинтихоботӣ маълумоти муфассал доданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*