МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ “ПОШКЕНТ”

20 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар иҷлосияи ғайринавбатии ҷамоати деҳоти “Пошкент” иштирок намуд, ки дар кори иҷлосия ба ғайр аз вакилон, ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев, кормандони ҷамоат ва фаъолони деҳаҳо низ ширкат варзиданд.
Нахуст, аз рӯи рӯзномаи иҷлосия, ки аз як масъала иборат буд, баррасӣ гардида, бинобар вазъи саломатӣ раиси ҷамоати деҳоти “Пошкент” Мирмуҳсин Ҷумъаев ва муовини раиси ҷамоати деҳоти мазкур Мавҷуда Рӯзиева бинобар расидан ба синни ниҳоии нафақа бо қарори вакилон аз вазифа озод карда шуда, котиби ҷамоат Сулаймон Ортиқов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти “Пошкент” интихоб гардид.
Зимнан, бо назардошти фаъолияти зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ ва расидан ба синни нафақа Мавҷуда Рӯзиева бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
Сипас, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ба масъулин вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла самаранок истифода кардани замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъат бахшидан ба кишти картошка, тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои назди ҷамоат, омодагии ҷиддӣ ба ҷашнҳои дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла, ҷараёни иҷрои нақшаи даъват ба Қувваҳои мусаллаҳ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, барои вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт назди вакилони ҷамоат ва масъулин масъалагузорӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*