ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

17 феврали соли равон дар асоси Қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 10 январи соли 2022, №5 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Паёми Истаравшан” эълон таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби 9 нафар довталабон то санаи 12 феврали соли равон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд.
Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон ба даври дуввум роҳ ёфта, дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд. Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*