Оиди майдони тутзори Истаравшан

Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 397 гектар тутзор мавҷуд аст, ки аксарияти онҳоро 8 ва 9 апрел ҳавои сард бо боридани барф нобуд карда ба афзоиши барги тут халал расонид. Чуноне, ки агрономи раёсати кишоварзии шаҳр Қаюмов Абдуфаттоҳ иттилоъ дод, сардии ҳаво ба майдони тути Ҷамоатҳои деҳоти Зарҳалол, Ниҷонӣ ва Пошкент зарари бештар расонидааст ва ба ин нигоҳ накарда соли ҷорӣ пиллапарварони истаравшанӣ тасмим гирифтанд, ки нақшаи пилларо пурра иҷро кунанд. Ва аз ҳар як қуттии пилла 50 – 60 келогӣ ба давлат супоранд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*