ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2021

ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2021

     Дар асоси Қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 2 феврали соли 2021, №44 санаи 5 марти соли равон дар майдони “КВД Маҷмааи ёдгории таърихӣ – фарҳангии Қалъаи Муғ” намоиши омодагии техникаҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба кишти баҳории соли 2021 баргузор гардид.
Дар намоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, Ҳоҷиев Отабек ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат варзиданд.
Зимни намоиш ҳозирин ба вазъи омодагии техникаҳои кишоварзӣ барои кишти соли 2021 баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тавсияҳои муфид баён намуданд.
   Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Истаравшан 668 адад техникаҳои кишоварзӣ, сохтмонӣ ва мелиоративӣ мавҷуд буда, то ин давра 636 адад техникаҳо омодаи кор мебошанд, ки ин нишондиҳанда 95% – и техникаро ташкил медиҳад.
   Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар сӯҳбат бо кишоварзон ва механизаторон қайд намуд, ки бояд ҳарчӣ зудтар корҳои саҳроиро оғоз намуда, ҷиҳати омодагии пурраи техникаҳои кишоварзӣ барои кишти баҳории соли 2021, вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷамъбаст як қатор роҳбарон, фаъолон ва механизаторон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.
 
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*