ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ВА АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ ДЕҲОТИ “ҚАЛЪАИ БАЛАНД”

ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ВА АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ ДЕҲОТИ “ҚАЛЪАИ БАЛАНД”

Ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои созандагию ободонӣ бомаром идома дошта, ба ин муносибат бунёди даҳҳо иншооту хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамзамон таъмиру мумфаршкунии роҳҳо рушд намуда истодааст.
Дар ин раванд 2 сентябри соли равон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, фаъолон ва собиқадорону сокинон ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи асосии деҳоти “Қалъаи Баланд” ҳусни оғоз бахшида шуд.
Мумфаршкунӣ ва корҳои азнавсозии роҳи деҳоти “Қалъаи Баланд” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ, вакили вилоятӣ Додобоев Кенҷабой, вакилони ҷамоат ва фаъолони деҳот бо харҷи 550 ҳазор сомонӣ роҳандозӣ гардида, тибқи иттилоъи вакили вилоятӣ наздики 3 км роҳи асосӣ азнавсозӣ ва мумфарш карда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*