ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ҶИҲАТИ ВАСЕЪ НАМУДАНИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲР

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ҶИҲАТИ ВАСЕЪ НАМУДАНИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲР

15 майи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз оғози корҳои сохтмонии роҳи ҳамшафати назди бозори марказии шаҳр дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур, ки хиёбони Исмоили Сомониро бо кӯчаи Шонатарошон мепайвандад, пас аз васеъгардонӣ ва бартарафсозии баъзе иншооти қисмати роҳ ба талабот мутобиқ гардонида шуда, барои аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳри Истаравшан мусоидат менамояд.
Васеъкунии роҳи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар кучаи Шонатарошон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар болои сойи “Зарринрӯд” пули нав бунёд гардида, баъди омода шудани роҳи болозикр ҳаракати яксамтаи нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни боздид раиси шаҳри Истаравшан барои ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*