Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Мунаввар Мунимоваро аёдат намуд.
Раиси вилоят бо модари рӯзгордида суҳбати самимӣ ороста, иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро пайваста дастгирӣ менамояд.
Собиқадори меҳнат Мунаввар Мунимова аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории самимонаи хешро баён намуд.
Ба аёдатшуда аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Leave a Reply