РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ТАБРИКОТИ ШАХСОНИ БАРӮМАНДИ ДИЁР, СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ РАФТ

Нимаи дуюми 28 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ба манзили якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, собиқ роҳбарони шаҳри Истаравшан аз ҷумла Қурбон Тӯраев, Фотима Шарипова ва Зуҳро Шодиева ташриф овард.
Раиси шаҳри Истаравшан собиқадорони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фарорасии соли нави мелодӣ таҳният намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат ба ҳисоб рафта, хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст.
Собиқадорони арсаи меҳнат аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории самимии хешро баён намуданд ва аснои суҳбат бо раиси шаҳри Истаравшан аз ҳаёт, фаъолият ва рӯзгори ибратбахшашон хотиррасон гардида, дар заминаи таҷрибаи зиндагии хеш ҷиҳати рушду нумӯи шаҳр маслиҳатҳои муфид доданд.
Ба аёдатшудагон туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*