Рӯзи забон

Ҳар сол 5-уми октябр дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи забон таҷлил мегардад, ки ин боиси хурсандиву саодатмандии миллати точик аст.
Дар толори Ҳукумати шаҳр бахшида ба рӯзи забон чорабинии тантанавӣ бо иштироки омӯзгорон ва шахсони касбу кори гуногун доир шуд. Сараввал муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯз Ҳакимзода ба сухан баромада табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзодаро қироат намуд ва ба аҳли нишаст ин рӯзи дар ҳақиқат саодатмандро муборакбод намуд. Қайд шуд, ки забони тоҷикӣ соҳиби адабиёту ниёгони бой аст ва аз замонҳои қадим тоҷикон ба ин забон шеър мегуфтанду китобҳои илмии худро доштанд. Абуабдуллои Рудакӣ – яке аз бузургтарин шоири тоҷик дар асри 10-и мелодӣ ва ё Абӯалии Сино дар бой кардани забони адабии тоҷикон, ки он замонҳо Самарқанду Бухоро пойтахту гаҳвораи точикон буд  басо калон аст.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҳунармандони бахши фарҳанг бо шеъру суруд дар васфи забон ва Ватан ҷамъомадро боз ҳам хотирмон намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*