СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ, ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВВАҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ, ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВВАҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар партави сиёсати хирадмандона ва башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 25 декабри соли ҷорӣ бахшида ба соли нави мелодӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аëдати собиқадорони арсаи меҳнат Алпомишов Облобердӣ (95 сола), Мӯсоев Насриддин (85 сола), оилаҳои маъюб ва ниёзманд Қаҳҳоров Ҷӯрабек, Додоев Солӣ, Маъмурова Муқаддас, Ортиқова Гулсуной, Мавлонов Ҳамидулло ва оилаи Юлдошев Норбой рафта, онҳоро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ шодбош гуфт ва ба онҳо аз номи роҳбарият кӯмакҳои молиявӣ, маводҳои озуқаворӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим намуд.
Зимни аëдат раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи саломатӣ ва шароити зисти собиқадорони меҳнат ва эҳтиёҷмандон пурсон гардида, таъкид намуд, ки ғамхорӣ ва дастгирии пирони рӯзгордида, шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиëсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода тайи солҳои охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳравар мебошанд.
Аёдатшудагон аз ин амали некбинона изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои доимӣ миннатдории самимии хешро баëн доштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*