Султонмурод Ҳоҷибоев дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона”

Узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони ҶТ, шоир Султонмурод Ҳоҷибоев дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона” мақоми дуюмро ишғол кард, ки боиси фахри на танҳо Истаравшан, балки тамоми Тоҷикистон аст. Бояд зикр кард, ки алҳол шоири фасеҳбаён ва рӯзноманигори варзида Султонмурод Ҳочибоев ба ҳайси мухбири бахши узбекии нашрияи МИҲД-и шаҳри Истаравшан фаъолият дорад. Ӯ бо ашъори баландғоя гули сари сабади махфилҳову ҷамъомадҳост. Ҳамчунин мақолаҳои пурмӯҳтавову пурмазмунаш зеббахши рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявиянд. Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Паёми Истаравшан” ва пайвандону дӯстони устод ин фарди шуҳратёр ва ниҳоят хоксору сермаҳсулро бо ин муваффақият самимона таҳният мегӯем. Бигзор дар ҷодаи тасхири паризоди сухан ба комёбиҳои аз ин болотар соҳиб гардад!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*