ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НОФАРОҶ”

22 марти соли равон ба муносибати соли нави аҷдодӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҷамоати деҳоти “Нофароҷ”-и шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маъмурзода Нозим, Шӯҳрат Отамуродов, раиси ҷамоати деҳот Ҳакимзода Фирӯз, зиёиён, теъдоди зиёди сокинон, ҷавонону наврасон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар қисми ифтитоҳии чорабинии расмӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Маъмурзода Нозим сокинони ҷамоати деҳоти мазкурро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, номаи табрикотии раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Адҳам Маъмурзода ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз – ро ба саъми ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини моро боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостонӣ шодбош мегӯям.
Хамзамон дар чорабинии идона растаҳои ҳунарӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи сокинони ҷамоати деҳоти мазкур ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон аз растаҳои ҳунарии ба маърази тамошо гузошташуда дидан намуда, ба ҳунару эъҷози сокинони ҷамоати деҳоти болозикр баҳои баланд доданд.
Қайд карда шуд, ки тоҷикон аз азал бо ҳунару ҳунармандии худ шуҳратёр гардида, барандагони фарҳанги хоси худ буданд ва иқдоми имруз роҳандозӣ гардида, қадами қатъӣ дар роҳи худшиносии миллӣ мебошад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан    

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*