ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шоми 9 сентябри соли равон дар майдони “Нишони давлатӣ” -и шаҳри Истаравшан ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, зиёиён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонону наврасон ва фаъолон ширкат варзиданд.

 

Пас аз садо додани суруди миллӣ ва ба майдон ворид гаштани Парчами давлатӣ нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро бо ҷашни таърихии 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфт. Дар идомаи суханронӣ аз хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардида, дар идома зикр дошт, ки иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик сурат гирифтанд.

 

Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем. Ҷашни 31 солагӣ ҷамъбасти ҳамагӣ як пораи таърихи халқи куҳанбунёдамон мебошад. Шурӯъ аз имрӯз марҳилаи рушд ва саҳифаи тозаи истиқлоли давлатӣ оғоз гардид. Бинобар ин, дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии шаҳри азизамон ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем.

 

Бори дигар ҷашни мубораку хуҷастаи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, самимона табрик мегӯям. Ба хурду бузурги сокинони Истаравшани бостонӣ тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни бузурги истиқлолият муборак бошад, ҳамватанони азиз! – таъкид дошт раиси шаҳри Истаравшан дар фарҷоми суханронӣ.

 

Сипас намояндаи Ҳукумати ҶТ, Раиси Суди Конститутсионии ҶТ муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни миллӣ 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода-ро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфтанд ва ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани соҳибистиқлоламон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуданд.

 

Дар идома кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорону фаъолон аз ҷумла 2 нафар бо ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо ифтихорномаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар бо ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон 59 нафар бо ифтихорномаҳои раиси шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуданд.

 

Дар ҷамъбаст аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*