ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ БАРҚАРОРСОЗӢ ДАР ИНШООТИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ БАРҚАРОРСОЗӢ ДАР ИНШООТИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо ҳамроҳии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз аз рафти корҳои сохтмонию барқарорсозии иншооти соҳаи фарҳанг шинос шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки айни замон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан бунёди Қасри фарҳанг оғоз гардида, ҳамзамон дар ҳудуди Маркази таълимию истироҳатии шаҳр бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки алҳол корҳои тахту ҳамворкунӣ идома доранд.
Инчунин, дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрӣ ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки тӯли солҳои зиёд ба харобазор табдил ёфта буд, корҳои азнавсозӣ оғоз карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*