ШИРКАТИ НАҚЛИЁТИИ “ЯКТАКСӢ” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУД ВА КЛУБИ ФУТБОЛИ “ИСТАРАВШАН” СОҲИБИ МИКРОАВТОБУС ГАРДИД

1 апрели соли равон дар майдони мавзеи таърихии “Қалъаи Муғ” маросими тантанавӣ ба муносибати расман ба фаъолият шуруъ намудани ширкати нақлиётии “Яктаксӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии расмӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбарияти ширкати мазкур, меҳмонони Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ ва ҳайати хизматрасонии ин ширкат ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбарияти ширкати “Яктаксӣ” вобаста ба фаъолияти ширкат, имтиёзҳои мавҷуда ва намуди хизматрасониҳо иттилоъ дода, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан расман оғоз намудани фаъолиятро ба ҳамагон шодбош гуфт.
Сипас, дар доираи ҳамкориҳо ширкати нақлиётии “Яктаксӣ” ба Клуби футболи “Истаравшан” ба ҳайси сарпараст пазируфта шуда, дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти ширкат ба раиси федератсияи футболи шаҳр, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода як адад микроавтобуси бо рамзи дастаи футболи “Истаравшан” ва ширкати “Яктаксӣ” орогардида тақдим карда шуд.
Раиси федератсияи футболи шаҳр Адҳам Маъмурзода барои ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, нақлиёти мазкурро ба директори клуб Алишер Фозилов супорид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

         

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*